Дар чанд ҷумла
Вазорат: "Кори илмии писари вазир бо иттиҳоми асардузӣ бекор нашудааст"

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, кори илмии Шоҳин Саидзода, писари Нуриддин Саид вазири маорифи Тоҷикистон бо иттиҳоми асардуздӣ бекор нашудааст. Масъулини вазорат мегӯянд, Шоҳин Саидзода дар ВАК-и Русия собит кард, ки кораш дуздӣ нест.
Раҳматулло Мирбобоев, муовини аввали вазири маориф ва илм рӯзи 1-уми феврал дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, Шоҳин Саидзода соли 2011 дар Донишгоҳи лингвистии Маскав рисолаи илмиашро ҳимоя карда буд. Ба қавли ҷаноби Мирбобоев, баъди онки "Диссернет" Шоҳин Саидзода ба асардуздӣ муттаҳам кард, кори писари вазири маорифаз ҷониби комиссияи экспертизии ВАК-и Русия баррасӣ шуд.
Муовини аввали вазири маориф афзуд, "аз ҷониби Комиссия олии аттестатсионии Русия як қарори мушаххас нисбати кори "Диссернет" ба воқеият наздик аст, қабул карда нашуд.”
Мирбобоев афзуд, Шоҳин Саидов баъди муттаҳам шудан ба асардуздӣ ба ВАК-и Русия даъат шуд ва дар онҷо исбот кард, ки кораш дуздӣ нест. Ин масъули Вазорати маориф гуфт, далели монандӣ дар кори илмии писари Нуриддин Саид ба дигар корҳои илмӣ, шабоҳати моддаҳои кодекси ҷиноии Тоҷикистону Русия мебошад.
"Баъзан дар моддаи Кодекси ҷиноятии Русия ва Тоҷикистон монандӣ аст. Кори илмии Шоҳин Саидзода аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Русия бекор карда нашудааст. Кори илмӣ ба дигар комиссияи экспертӣ пешниҳод мекунад",-таъкид кард Мирбобоев.
Аммо худи Нуриддин Саид, вазири маориф дар бораи сарусадоҳо атрофи номи писараш дар нишасти матбуотӣ шарҳе надод. Ӯ танҳо иддаоҳо дар мавриди зиёд будани унвондорҳои илмӣ дар Тоҷикистонро радд кард ва гуфт ин иддаоҳо "дуруст нест".
Шоҳин Саидзода соли гузашта дар Русия ба асардуздӣ муттаҳам шуда буд. Пойгоҳи "Диссернет" гуфта буд, ӯ аз унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ маҳрум шуд. Ахиран масъулони Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон гуфтанд ӯ рисолаи номзадиашро аз сари нав ва ин дафъа дар Комиссияи олии аттестатсионӣ ё ВАК-и Тоҷикистон дар моҳи апрели соли ҷорӣ дифоъ хоҳад кард.
Шоҳин Саидзода 35 сол дошта, хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Вай дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, аз соли 2017 дар вазифаи муовини сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф фаъолият дорад. Соли 2016 ҷоизаи ба номи Исмоили Сомониро соҳиб шуда буд.
Саидзода бори аввал моҳи декабри соли 2011 рисолаи номзадӣ дифоъ кард. Пойгоҳи “Диссернет” баҳори соли гузашта ӯро ба “асардуздӣ” муттаҳам намуд ва ба Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия тавсия дод, ки олими ҷавони тоҷикро аз унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ маҳрум кунад.
Масъулони “Диссернет” гуфтанд, матни кори илмии Шоҳин Саидзода бо номи "Ҷавобгарии ҷиноӣ барои қочоқ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз матни муҳаққиқони рус рӯйбардор шуда, фақат калимаи “Русия” бо “Тоҷикистон” иваз шудааст.
Пойгоҳи интернетии "Диссернет", қароргоҳаш дар Маскав, ки то ҳол асардуздиии "олимон"-ро дар қаламрави Русия ва баъзе кишварҳои дигари Шӯравии собиқ фош карда буд, соли 2018 ба Тоҷикистон тамаркуз кард ва пушти ҳам дуздии даҳҳо "олим"-ро ифшо намуд. Ин фошкориҳо ба мавзӯи дӯстдоштаи шабакаҳои иҷтимоӣ табдил шуд ва моҳҳо дар фазои маҷозӣ чарх зад.
То ду соли пеш пажӯҳишгарони тоҷик барои дарёфти унвони илмӣ маҷбур буданд қисми рисолаҳои худро бо тарҷумаи русӣ дар ВАК-и Русия ҳимоя кунанд. ВАК ва ё Комимиссияи олии аттестатсионии Русия рисолаҳои илмии олимони тоҷикро арзёбӣ ва ба онҳо унвони илмӣ медод. Аммо Тоҷикистон ҳоло ВАК-и худро таъсис додааст. Олимон имкон доранд, рисолашҳояшонро барои арзёбӣ ба ин комиссия пешниҳод кунанд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Ҳалокати беш аз 10 нафар дар селобҳои Чин

Дастикам 10 тан дар натиҷаи селобҳо дар вилояти Гансу, воқеъ дар шимол-ғарби Чин, ҷон бохта, 33 тани дигар нопадид шудаанд.
Ба гузориши телевизиони давлатии Чин (CCTV), боронҳои сахти рӯзи панҷшанбеи 7 август боиси селобҳои ногаҳонӣ ва лағзиши замин дар минтақаҳои куҳистонии ин вилоят шудааст.
Борони сахт боиси қатъ барқ ва хадамоти иртиботӣ дар минтақа шуда, беш аз 4 ҳазор тан дар чаҳор деҳа дар иҳотаи сел монданд.
Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин хостори талошҳои ҳамаҷониба барои наҷоти онҳое шуд, ки дар банди селобҳо мондаанд. Ӯ ҳамчунин хостори пешгирӣ аз селобҳо шудааст.
Идомаи ҷустуҷӯи ду сарбоз дар дарёи Вахш

Бо гузашти беш аз 10 рӯз, ҷустуҷӯи ҷасади ду сарбози Вазорати дифои Тоҷикистон, ки дар дарёи Вахш ғарқ шуданд, натиҷа надодааст.
Онҳо дар қаламрави "Ҳарбмайдон", ки аз қисми низомияшон ба ин машқгоҳ сафарбар шуда будаанд, ғарқ шудаанд. Сабаби ғарқ шудани сарбозон маълум нест.
Мақомот дар Хатлон гуфтанд, ҳодиса рӯзи 30-юми июл иттифоқ уфтод ва аз он замон ҷустуҷӯи сарбозон идома дорад. Як манбаи Радиои Озодӣ дар Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Хатлон аз сарбозони ғарқшуда Солеҳ Худойбердиеви 19-сола ва Равшан Муҳаммади 20-сола ном бурд.
Ба гуфтаи манбаъ, "амалиёти ҷустуҷӯи ду сарбоз дар соҳили Вахш то ноҳияи Қубодиён идома дорад. Сабаби дер пайдо шудани ҷасадҳо, баланд будани сатҳи оби дарёи Вахш ва бо шиддат ҷорӣ шудани он аст".
Тибқи омори расмӣ, аз аввали сол дар кӯлҳову дарёҳои вилояти Хатлон беш аз 50 нафар ғарқ шудаанд. Аксарияти онҳо дар рӯзҳои гарм ва ҳангоми оббозӣ дар соҳили кӯл ё дарё ҷони худро аз даст додаанд.
Парвандаи Парвиз Одинаевро Додситонии кул баррасӣ мекунад

Парвандаи Парвиз Одинаев, марде, ки писараш дар пайи шиканҷаи ӯ ҳалок шуд, ба Додситонии кул ирсол гардида, дар баррасӣ аст.
Дар ин бора Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 7-уми август ҳангоми нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Вазир ҳодисаро "ҷинояти мудҳиш" номида, гуфт, падари Хисрав Одинаеви 15-сола қасди пинҳон кардани ҷиноятро дошт, аммо боздошт шуд.
Феълан нисбати ӯ бо қисми 3-и моддаи 110-и Кодекси ҷиноӣ, яъне қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, парванда боз шудааст. Ба вай аз 12 то 15 сол зиндон таҳдид мекунад.
Ӯ ба ҷуз Хисрав, Парвиз Одинаев, се писар ва як духтари дигар дорад.
Ҳодиса рӯзи 26-уми июли имсол дар маҳалли Меҳргони шаҳри Турсунзода рух дод. Хисравро рӯзи 29 июл дар ноҳияи Темурмалик дафн карданд.
Навори навраси шиканҷашуда, ки зоҳиран худи падар сабт кардааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд ва хашми корбаронро барангехт.
То кунун садҳо нафар рафтори Парвиз Одинаевро танқид маҳкум карда, хоҳони ҷазо гирифтанаш шуданд.
Трамп ва Путин 15 август дар Аляска мулоқот мекунанд

Қарор аст президентҳои Амрико ва Русия рӯзи ҷумъаи 15 август дар Аляска мулоқот кунанд.
Доналд Трамп рӯзи ҷумъа гуфт, ки 15 август бо ҳамтои русаш мулоқот мекунад. Раисҷумҳури Амрико бо эълони замон ва макони дидори худ бо Путин навишт, ки ҷузъиёти бештари ин дидор баъдан ироа хоҳад шуд.
Хабаргузории русии ТАСС ҳам рӯзи 9 август аз қавли Юрий Ушаков, мушовири сиёсати хориҷии президент Путин навишт, ки ин мулоқот 15 август дар Аляска доир мешавад
Кремл пештар тасдиқ карда буд, ки мулоқоти Путин ва Трамп "дар рӯзҳои оянда анҷом хоҳад шуд.
Ҳадафи ин дидор, гуфтугӯ дар бораи ҷанги Украина гуфта шудааст.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар моҳи июни соли 2021 бо Ҷо Байден, президенти вақти Амрико дар Женева мулоқот карда буд ва аз он замон ин нахустин бор аст, ки раҳбарони Русия ва Амрико мулоқот мекунанд.
Мақомоти Арманистон Исмоил Холовро раҳо кардаанд

Исмоил Холов, як намояндаи мухолифони ҳукумати Тоҷикистон, ки дар сарҳади Арманистон дастгир шуда буд, раҳо гаштааст. Худи ӯ дар ин бора рӯзи 8-уми август ба Радиои Озодӣ хабар дод.
Дар Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Нойемберйани Арманистон ҳам гуфтанд, ки “аз сӯйи мақомоти Тоҷикистон вокунише нашуд” ва бинобар ин Холовро озод карданд.
Исмоил Холов рӯзи 5-уми августи имсол дар сарҳади Арманистон дастгир шуд. Худаш мегӯяд, аз Гурҷистон меомад.
Дар Тоҷикистон ба зидди Исмоил Холови 44-сола парванда боз шудааст ва ӯ дар ҳамкорӣ бо созмон ва ҳизбҳои фаъолияташон мамнуъ гумонзад аст.
Аз соли 2011 бо аъзои оилааш дар Русия мезист, аммо соли 2023 дар пайи зиёд шудани таъқибу фишор аз ин кишвар берун шуд.
Холов чанд моҳ пеш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки баъди суҳбат дар барномаҳои мухолифон ва пайвастан ба "Гурӯҳи 24" (соли 2015) бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Маскав дастгир шуда, шаш моҳро дар боздоштгоҳ гузаронд. Қазияи Исмоил Холов ва таъқиби ӯ дар Русия борҳо расонаӣ шудааст ва Додгоҳи Аврупо аз ҳуқуқи вай ҳимоя мекард.
Хабаргузории давлатии "Ховар" дар соли 2018 муроҷиатномаи ин мухолифи ҳукумати Тоҷикистонро нашр кард, ки дар он гуфтааст, бо фиреб ба гурӯҳи мухолифи ҳукумат ҷалб шуд ва аз ин кор пушаймон аст. Худаш соле қабл гуфт, ин изҳоротро аз тарс ва зери таъқибу фишор навишт.
Парванда алайҳи 5 шахси масъул баъд аз марги тифл дар кӯдакистон

Баъди марги як тифл дар яке аз кӯдакистонҳои Душанбе нисбат ба 5 кас парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар ин бора намояндагони Додситонии куллии Тоҷикистон рӯзи 8-уми август хабар доданд.
Рӯзи 19-уми май дар кӯдакистони "Суолу ҷавоб" дар шаҳри Душанбе Судайси дусола ба ҳалокат расид. Навори ҷон кандани ин кӯдак, ки ба панҷараи рахти хоб овезон шуда буд, вокунишҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.
Намояндагони Додситонии кул гуфтанд, ба ҷуз ёвари мураббӣ, ки масъули нигоҳубини кӯдакон буд, мудири кӯдакистон, ду корманди бахши иҷозатномадиҳии Вазорати маориф ва пизишки бахши санитарӣ низ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Ба гуфтаи манбаъ, намояндагони шуъбаи маориф ва пизишки масъул барои хунукназарӣ ҷавобгар ҳастанд.
Дар нишасти Додситонии кул гуфтанд, парвандаи ин афрод 4-уми август ба додгоҳ фиристода шудааст.
Пештар Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон ҳам гуфт, кори кӯдакистони "Суолу ҷавоб" ғайриқонунӣ буд. Аммо вазир дар бораи ҷавобгар шудани ду корманди ниҳоди зертобаш чизе нагуфта буд.
Назари хонаводаи мураббии боздоштшуда ва чор гумонбари дигар ба ин қазия маълум нест.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пештар гуфта буд, ки мураббӣ вазифаи худро дуруст иҷро накарда, вақти хоби кӯдакон онҳоро танҳо гузоштааст. Дар натиҷа "аз беэҳтиётӣ писари 2-сола аз гарданаш дар панҷараи рахти хоб овезон шуда ба ҳалокат расидааст".
"Дар мурофиа ширкат надорем". Посухи додситонӣ дар бораи "Крокус"

Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, намояндагони ин ниҳод дар мурофиаҳои додгоҳии гумонбарони ҳамла ба "Крокус" ширкат надоранд.
Аз 19 нафаре, ки дар доираи парвандаи ҳамла ба "Крокус" боздошт шудаанд, аксарашон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд. Бо шурӯи мурофиаи ин афрод дар санаи 4-уми август, даъватҳое садо дод, ки намояндагони Тоҷикистон бояд аз шаҳрвандони худ ҳимоят кунанд.
Аммо Ҳабибулло Воҳидзода, Додситони кулли Тоҷикистон 8-уми август дар нишасти хабарӣ гуфт, дар рафти тафтиши қазияи "Крокус" ва ҳам мурофиаи гумонбарон, намояндагони додситонӣ "иштирок кардагӣ нест."
Воҳидзода сабаби инро ба он рабт дод, ки "ҳар давлат қонунгузории худашро дорад ва барои кадом намуд ҷиноятҳо чигуна ҷавобгар мекунад, дар асоси қонунгузории худаш амалӣ менамояд."
Хабарнигори Радиои Озодӣ аз Додситони кул пурсид, ки мутобиқи қонунҳои байнулмилалӣ намояндагони Тоҷикистон наметавонанд дар мурофиаи гумонбарони "Крокус" ширкат кунанд?
Ҳабибулло Воҳидзода дар посух ба ин суол гуфт, "барои ширкат кардан бо созиши тарафҳо мешавад, оё тарафҳо барои ин кор розӣ ҳастанд ё нестанд. Вале чунин иқдом аз ҷониби касе пеш бурда нашудааст".
Рӯзи 30-юми июл Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳам гуфт, онҳо қазияи ҳамла ба "Крокус"-ро пайгирӣ мекунад, "аммо ҳаққи дахолат дар баррасии додгоҳӣ"-ро надоранд.
Баррасии парвандаи ҳамла ба "Крокус" дар яке аз додгоҳҳои Маскав идома дорад.
Дар курсии гумонбарон дар ҷиноят 19 нафар нишастаанд. Онҳо ба тарҳрезиву мусоидат ва анҷоми ҳамлаи террористӣ муттаҳам мешаванд.
Дар ҳамлаи террористӣ ба "Крокус" дар канори Маскав дар рӯзи 22-юми марти соли 2024, 149 нафар нафар кушта ва 609 каси дигар маҷруҳ шуданд.
Ҳукумати Исроил тарҳи ишғоли Ғаззаро тасдиқ кард

Дафтари Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил гуфт, ки кобинаи амниятии ин кишвар тарҳи ишғоли Ғаззаро тасдиқ кардааст.
Ин тасмим, ки субҳи 8 август эълон шуд, нишонаи дигаре аз густариши доманаи ҷанге аст, ки аз 22 моҳ ба ин тараф идома дорад.
Пеш аз ин Нетаняҳу гуфта буд, ки барои аз байн бурдани гурӯҳи "Ҳамос", ниёз аст то Исроил ҳамаи Ғаззаро тасарруф кунад ва дар ниҳоят идораи онро ба "нерӯҳои дӯст" аз ҳисоби арабҳо, бисупорад.
Гурӯҳи "Ҳамос" дар вокуниш ба ин тасмими кобинаи амниятии Исроил гуфтааст, ки Нетаняҳу барои манфиатҳои шахсии худ, гаравгонҳоро "қурбонӣ" хоҳад кард.
Хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" гузориш додааст, ки ишғоли комили Ғазза мумкин аст боиси кушта шудани шумори зиёди фаластиниҳо шавад.
Ин амр ҳамчунин сарнавишти гаравгонҳои исроилиро, ки дар асорати "Ҳамос" ва дигар гурӯҳҳои фаластинӣ ҳастанд, ба хатар меандозад.
Ҷанги навбатӣ миёни Исроил ва фаластиниҳо рӯзи 7 октябри соли 2023 бо ҳамлаи гурӯҳи "Ҳамос" ба Исроил, оғоз шуд. Дар ин ҳамла 1200 исроилӣ кушта ва 250 тани дигар ба гарав бурда шуданд.
Дар ҳамлаҳои Исроил дар 22 моҳи гузашта, беш аз 61 ҳазор фаластинӣ ҷон бохта, даҳҳо ҳазор тани дигар захмӣ шудаанд. Аксари кушташудаҳои ҷониби фаластинӣ, занон ва кӯдакон ҳастанд.
Вазорат ба муҳоҷирон: ҳуҷҷати худро дуруст кунед, то ихроҷ нашавед

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия бори дигар муҳоҷирони тоҷикро огоҳ кардааст, ки ҳама санадҳои худро дуруст кунанд, то баъди як моҳ аз ин кишвар берун нашаванд.
Дар асоси фармони Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, хориҷиёне, ки дар ин кишвар ғайриқонунӣ кору зиндагӣ доранд, то 10-уми сентябр фурсат доранд санадҳои худро дуруст кунанд.
Сабти ном дар идораи муҳоҷират, пешниҳоди маълумоти биометрӣ ва пизишкӣ, шаҳодатномаи донистани забони русӣ ва иҷозаи иқомат, аз шартҳои асосӣ гуфта мешаванд.
Ҳамчунин, муҳоҷирон бояд ҷаримаҳо ва пули телефонро пардохт карда бошанд ва аз хадамоти дигари давлатӣ, қарздор набошанд.
Русия мизбони асосии муҳоҷирони кории тоҷик аст ва бино ба гузоришҳо, беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар он кишвар кору иқомат мекунанд.
Гузоришҳо дар бораи таҳқиру бадрафторӣ бо ин муҳоҷирон ва зери по кардани ҳуқуқи онҳо зиёд нашр мешаванд.
Ҷазо барои "лайк" аз байн рафт, вале касе озод нашуд

Мақомоти тоҷик мегӯянд, то имрӯз дар робита ба бозбинии ҳукми афроде, ки барои гузоштани "лайк" зиндонӣ шудаанд, касе ба додгоҳ муроҷиат накардааст ва ҳеҷ парвандае бозбинӣ намешавад.
Pустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 7-уми август, зимни нишасти хабарӣ гуфт, қонунгузорӣ имкони бозбинии ҳукмҳоеро, ки дар доираи парвандаҳои вобаста ба писандидан ва бознашри матолиби дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда, содир шудаанд, бо шарти набудани ҷиноят дар парванда, пешбинӣ кардааст.
Ба таъкиди раиси Додгоҳи олӣ, "агар ҳукм танҳо дар асоси парвандаи "лайк" содир шуда бошад, имкони бозбинии ҳукм вуҷуд дорад. Аммо агар дар парванда ҷиноятҳои дигар низ бошад, ин меъёри қонун татбиқ намешавад".
Ҳоло дар Тоҷикистон ҳазору 507 шаҳрванд бинобар гузоштани "лайк" дар навору гузоришҳои интернетӣ ва навиштани "шарҳу мулоҳизаҳои мазмуну муҳтавои террористию экстремистидошта", дар зиндонҳо қарор доранд.
Рӯзи 14 май, як моҳ баъди мувофиқати парлумони Тоҷикистон бо бекор кардани ҷазои ҷиноӣ барои "лайк"-гузорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам ин қонунро имзо кард.
Ин муқаррарот тақрибан ҳафт сол амал кард ва бар асоси он зиёда аз якуним ҳазор касро ҷазо доданд.
Дар гузашта боздошту муҷозоти сокинон барои нашри маълумоти танқидӣ дар шабакаҳои иҷтимоиро созмонҳои ҳомии ҳуқуқ "таъқиб барои танқид" номида буданд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, Тоҷикистон бо баҳонаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ, озодии баёнро саркӯб ва норозиёнро зиндонӣ мекунад.
Шарҳи ёвари Путин дар бораи мулоқоти раҳбарони Русия ва Амрико

Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия Владимир Путин, гуфт, Маскав ва Вашингтон барои мулоқоти раҳбарони ду кишвар дар "рӯзҳои наздик" розӣ шудаанд.
Ӯ афзуд, омодагӣ ҷараён дорад ва макони баргузорӣ низ аллакай маълум аст.
Эҳтимоли мулоқоти Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва Путин рӯзи чаҳоршанбе, пас аз сафари фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳида Стив Виткоф ба Маскав расонаӣ шуд.
Баъзе аз расонаҳои амрикоӣ бо такя ба манобеи худ навиштанд, ки мулоқоти ҷонибҳо мумкин аст ҳафтаи оянда шавад, аммо ин иттилоъ ба таври расмӣ тасдиқ нашудааст.
Ушаков гуфтааст, мулоқот бо даъвати Амрико сурат мегирад, вале баъзе аз манобеи амрикоӣ иддао доранд, ки пешниҳод аз Кремл аст.
Марко Рубио, котиби давлатӣ ё вазири корҳои хориҷии Амрико, рӯзи 6-уми август дар суҳбат бо телевизиони Fox News гуфт, Вашингтон ва Маскав пеш аз нишаст бояд “мавқеъҳои худро ҳамоҳанг кунанд”.
Дар айни ҳол Юрий Ушаков гуфтааст, Маскав ба мулоқоти эҳтимолии байни Путин, Трамп ва президенти Украина Владимир Зеленский омодагӣ намебинад.
Вай гуфт, чунин пешниҳод аз тарафи Иёлоти Муттаҳида садо дода, Маскав онро "бе шарҳ" гузоштааст.
Ҳалокати ду афсари пулис аз бомбаи канори роҳ дар Покистон

Мақомот дар вилояти Хайбар-Пахтунхоҳи Покистон гуфтанд, ки дар таркиши бомбаи канори роҳ ду афсари пулис кушта ва чордаҳ ғайринизомӣ захмӣ шуданд.
Ҳодиса рӯзи 6-уми август дар ноҳияи Вазиристони Ҷанубӣ, дар наздикии сарҳади Покистон бо Афғонистон рух додааст.
Ҳарчанд то кунун касе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст, аксар вақт чунин ҳамлаҳоро "Таҳрики Толибони Покистон" анҷом медиҳад.
Дар ҳафтаҳои охир ҳамлаи шӯришиён дар Покистон бештар шуда, даҳҳо нерӯи амниятии ин кишвар ба ҳалокат расидаанд.
Ифшои 500 мавриди “сеҳру ҷоду ва фолбинӣ” дар Тоҷикистон

Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки дар 6 моҳи имссол тақрибан 500 мавриди “машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбиниро” ошкор карданд. Дар ин миён фақат дар шаҳри Душанбе 84 нафарро барои фолбинӣ, ки дар кишвар манъ аст, ҷарима баста, 6 нафарро ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаанд.
Моҳи июни соли гузашта дар Тоҷикистон барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ ҷазои сахт таъйин шуд. Бар асоси Кодекси ҷиноӣ, барои сеҳру ҷоду ва фолбинӣ аввал ҷарима мебанданд, вале агар касе аз ин таҷриба даст накашид ва такрор кард, мумкин аст, ҳазорон доллар ҷарима супорад ва ё то ду соли умрашро паси панҷара сипарӣ кунад.
Аз моҳи июни соли 2024 то кунун маъракаи васеъе ба зидди фолбинҳо дар Тоҷикистон идома дорад ва пайваста дар телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои боздошти онҳоеро намоиш медиҳанд, ки ба қавли мақомот ба мардумфиребӣ машғул ҳастанд.
Сабабҳои аслии оғози ин маърака маълум нест, агарчӣ ба қавли мақомот ҳадаф дур кардани мардум аз хурофот аст.
Дар гузашта баъзе аз фолбинҳо эътироф кардаанд, ки дар миёни муштариёнашон наздикони мансабдорони баландпоя ҳам ҳастанд, ки тавассути хешовандони худ аз онҳо мадад мехоҳанд.
Маблағҳои бонкии Рухшона Ҳакимова мусодира шудаааст

Додгоҳи олии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки маблағҳои бонкии Рухшона Ҳакимова, хабарнигори зиндонии тоҷик, ба фоидаи давлат мусодира шудааст.
Шавкат Лутфуллозода, муовини аввали раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон 7 август дар нишасти хабарӣ бо ишора ба инки, "ҷинояти содирнамудаи ӯ ба ҷиноятҳои махсусан вазнин" дохил мешавад, гуфт, ки "тибқи талаботи қонун", маблағҳои бонкии ӯ мусодира шуданд.
Аммо муовини аввали раиси Додгоҳи олӣ ҳаҷми ин маблағҳои мусодирашударо нагуфт.
Пулҳои Рухшона дар суратҳисоби бонкияш бештар аз 230 ҳазор сомонӣ гуфта мешуд. Ӯ дар Душанбе дар манзили иҷора ба сар мебурд ва ба гуфтаи наздиконаш, ин маблағро барои хариди манзил ҷамъ карда буд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи феврали имсол ин хабарнигори 31-сола ва модари ду фарзанди хурдсолро дар доираи парвандаи пурсарусадои "табаддулот", бо гуноҳи "хиёнат ба давлат" ба ҳашт сол зиндон маҳкум кард.
Шикояти Рухшона Ҳакимова ва вакили дифоаш барои бозбинии ҳукм рад шуд ва хабарнигорро 22-юми апрел ба зиндони занонаи шаҳри Норак бурданд. Ҳукми ин хабарнигор дар ҷомеаи Тоҷикистон сарусадои зиёдеро ба миён овард.
Даҳҳо намояндаи занони саршиноси тоҷик дар моҳи март бо фиристодани номае ба президент Эмомалӣ Раҳмон, хоҳони бозбинии ҳукми хабарнигор Рухшона Ҳакимова шуданд. Аммо мақомот ба ин нома вокуниш накарданд.
Вазорати адлия: Ҳизби сотсиал демократ дар бораи кораш ҳисобот надод

Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон, ки ягона ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон гуфта мешуд, имсол дар бораи кораш ба Вазорати адлия ягон ҳисобот пешниҳод накардааст.
Музаффар Ашӯриён, вазири адлия 7-уми август дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, онҳо низ намедонанд, ки чаро Ҳизби сотсиал демократ дар бораи кораш ба мақомот гузориш надодааст. "Мо дар ин масъала корбарӣ карда истодаем",-афзуд вазири адлия.
Баъди баста ва мамнӯъ эълон шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар соли 2015, Ҳизби сотсиал-демократ ягона ҳизби мухолиф дар кишвар гуфта мешуд.
Аммо фаъолияти ин ҳизб дар пайи вафоти муассис ва роҳбари собиқаш Раҳматилло Зойиров камранг шуд. Зойиров моҳи майи соли 2024 дар 67-солагӣ даргузашт.
ҲСДТ дар интихоботи порлумонии моҳи марти соли 2025 ширкат накард. Қиёмиддин Азизов, раиси нави Ҳизби сотсиал демократ барои расонаҳо дастнорас аст.
ҲСДТ аз соли 2002 дар интихоботҳои порлумонӣ ширкат мекард, вале ҳеч гоҳ ба порлумон роҳ наёфт. Намояндагони ҳизб аз тақаллуб дар интихоб шикоят доштанд.
Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ фаъолият мекунад. Аксар курсиҳои порлумонро ҳизби ҳоким, дар ихтиёр дорад.