Масъулони собиқи фурудгоҳи Душанбе бо рабудани беш аз як миллиард сомонӣ гумонбар дониста шудаанд; нишасти додситони кулли Тоҷикистон; мулоқоти раҳбарони Арманистону Озарбонйҷон дар Қасри Сафед ва матолиби дигар.
Арманистону Озарбойҷон шояд дар остонаи як созишномаи таърихии сулҳ ва ё ҳадди ақал эълом дар он бораи он қарор дошта бошанд ва он ҳам дар Вашингтон.
Мақомот куштори шаш кӯдак ба дасти модаронашонро дар ду ноҳияи Хатлон шарҳ доданд. Аз ҷумла, ба гуфтаи онҳо, баъди ин ҳодиса танҳо дар ноҳияи Фархор ба 20 ҳазор хона сар заданд. Дар ин ҳайатҳо намояндагони пулис, кишоварзӣ ва бахши кор бо занон будаанд.
Исматулло Абдуллозода, раиси боздоштшудаи Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе ва чанд зердасти собиқаш ба тасарруфи 1 миллиарду 245 миллион сомонӣ муттаҳам шудаанд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мумкин аст, ҳафтаи оянда бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот кунад. Агар чунин шавад, ин мулоқоти аввалини рӯ ба рӯи раҳбарони Русияву Амрико пас аз таҷовузи Русия ба Украина дар соли 2022 хоҳад буд.
Шуморе аз гумонбарон ба тасарруфи беш аз 120 миллион сомонии Вазорати дифоъ ба муҳлатҳои гуногун зиндонӣ шудаанд. Сайдалӣ Раҳмонзода, муовини раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, гуфт, аз 124 миллион сомонии рабудашуда бештар аз 16 миллион сомонӣ ҳанӯз баргардонида нашудааст.
Чанд шаҳрванди Чин ва Афғонистон бо гумони убури ғайриқонунии марз дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин боздошт шудаанд. Ин афрод дар соҳилҳои рӯди Панҷ машғули заршӯйӣ буданд.
Барзу Бобоев, корманди пешини Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки барои фарбеҳӣ аз кор ронда шуда буд, дубора ба кор барқарор шудааст. Қазияи аз кор рондани Бобоев баҳори имсол ҷанҷолӣ шуд.
Трамп мехоҳад бо Путин вохӯрад. Додгоҳи олӣ 9 нафарро барои тасарруфи пули артиш зиндонӣ кард. Афсари гаронвазн ба кор баргашт. Боздошти чиниҳову афғонҳо дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон.
Оё фиристодаи Трамп дар музокирот бо Путин муваффақ хоҳад шуд? Ҳукумати Тоҷикистон дар муқобили таъқиби тоҷикон дар Русия хомӯш аст; Муҳаммадиқболи Садриддин созмони нави сиёсӣ боз кардааст.Роҳи нав Ворухро бо бахшҳои дигари Тоҷикистон пайваст хоҳад кард.
Дар ҳоле ки баъзе аз мансабдорони Тоҷикистон ҷузъиёти созишномаи марзиро бо Қирғизистон ошкор намекунанд, як намояндаи Вазорати нақлиёт ба ихтиёри кадом тараф гузаштани баъзе қитъаҳои роҳҳои минтақаро шарҳ дод.
Дар остонаи зарбулаҷали Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ба Русия барои қатъи ҷанг дар Украина, Вашингтон дар пайи нафастанг кардани иқтисоди Русия аст ва барои ин кор ҳадафи наве ёфтааст. Он ҳам нафти фурӯшии Русия ба Чин. Оё муваффақ хоҳад шуд?
Ёфтҳои бештар